Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ХАЛИФА НИЁЗҚУЛ

МАДРАСАИ ХАЛИФА НИЁЗҚУЛ

МАДРАСАИ ХАЛИФА НИЁЗҚУЛ, ёдгории меъмории ибтидои асри 19 дар Бухоро. Дар қисми шарқии шаҳр, дар наздикии Дарвозаи Мазор бино ёфтааст. Асоси ёдгориро бонои чоркунҷаи чор гӯшааш бурҷдор (аҳолии маҳаллӣ онро «Чорманор» мегӯянд) ташкил медиҳад.

Чор минор МАДРАСАИ ХАЛИФА НИЁЗҚУЛ,

Намои онро пештоқи ҳошиянок оро дода аст. Мадраса ду ошёна дорад. Ошёнаи якум аз даҳлези ғайриоддии шашкунҷае иборат аст, ки аз ҳисоби тоқҳо васеъ гардида, гунбазпӯш (гунбазаш рӯяк) мебошад, Устувонааш ҳам ғайриоддӣ буда, ба ҳалқаи муқарваскорӣ монанд аст. Бурҷҳои ин ҷо торафт борик шуда рафта, дар дохили яке аз онҳо зинапояе ҳаст, кн ба ошьёнаи дуюм мебарад. Ошьёнаи дуюм хонаи чоркунҷаест, ки гунбази панкониаш ба шарафаҳои сипаршакл такья мекунад. Ду паҳлуяш аз ҳисоби ду тоқ васеъ карда шудааст, аз тоқҳо ба бурҷҳо роҳ ҳаст.

Ду паҳлуи дигараш муаллақан айвонмонанд дорад. Бурҷҳои нӯгашон борик гунбазчаҳои фирӯзаранг доранд. Зери он гунбазҳо кошиҳои ранга дар шакли ороишоти равоқшакл чида шудаанд, ки аз поён ба қафаса монанданд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …