Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Хева. Солҳои 1834—39 дар қисми шарқии Ичанқалъа бино ёфтааст.

Мадрасаи анъанавист: аз дарсхонаву масҷид ва силсилаи ҳуҷраҳо (дар гирдогирди ҳавлӣ) иборат аст. Азбаски дар Мадрасаи Оллоҳқулихон. Хева. Асри 19. ҷои баланд бунёд гардидааст, аз дигар биноҳои ҳамсоя боҳашамтар менамояд. Намои асосии Мадрасаи Оллоҳқулихон бо пештоқи мунаққаши кошикорӣ ва гулдастаҳои қафасадор оро ёфтааст, инчунин пешайвончаҳои равоқбанди (дуқабата) ва тоқи чуқури даромад биноро кушоду барҳаво вонамуд мекунанд.

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

Масҷиду дарсхона бо гунбазҳои паст пӯшонда шудаанд. Кошиҳои Мадрасаи Оллоҳқулихон рангоранг буда, бо усули ҳандасӣ ва муҳаббат чида шудаанд (асосан рӯи биноҳо). 99 ҳуҷраи Мадрасаи Оллоҳқулихон нақшунигор надошта, бо гунбазҳои балхӣ пӯшонда шудаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …