Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛЯШЕНКО Николай Григорьевич

ЛЯШЕНКО Николай Григорьевич

liashenko-nikolayЛЯШЕНКО Николай Григорьевич (таваллуд 16.5.1910, ст. Зимаи вилояти Иркутск), ходими ҳарбӣ, генерали армия (1968). Аъзои КПСС аз соли 1931.

Аз соли 1929 дар Армияи Советӣ. Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1941), Академики олии ҳарбии ба номи К. Е. Ворошилов (l948) ва Курсҳои олии академии назди ҳамин академияро (1970) хатм намуд. Солҳои 1937—38» дар ҷанги гражданӣ дар Испания ихтиёрӣ иштирок кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронтҳои Ҷанубӣ, Волхов, Ленинград ва 2-юми Белоруссии дар вазифаҳои командири полки тирандозӣ (1941—42), ҷонишини командири дивизия, командири бригадаи алоҳидаи тирандозии баҳрӣ ва дивизияи тирандозӣ (1942—45) буд. Баъди ҷанг вазифаҳои масъули ҳарбиро дар ӯҳда дошт. Аз соли 1958 ҷонишини 1-уми фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии Туркистон, баъд фармондеҳи қӯшунҳои округҳои ҳарбии Приволжия (1963—65), Туркистон (1966—69) ва аз соли 1969 Осиёи Миёна. Аз соли 1978 инспектори гурӯҳи инспектороии Вазорати Мудофиаи СССР. Солҳои 1966-1971 номзад ба аъзоии КМ КПСС, аз соли 1971 — аъзои КМ КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—9-ум). Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени Б ордени Сурх, орденҳои Суворов ва Кутузов (дараҷаи 2), 3 ордени Ситораи Сурх ва медальҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …