Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абуусмон Саид ибни Мусаҷҷаҳ

Абуусмон Саид ибни Мусаҷҷаҳ

АБУУСМОН САИД ибни Мусаҷҷаҳ (соли таваллуд номаълум- 720, Димишқ), мусикишинос ва ҳофизи форс-тоҷик. Ӯро ҳоким Абдуллоҳ Ибни Забир ҳамроҳи ғуломон аз Ироқ оварда буд, Абуусмон Саид дар баробари иштирок дар тармими Каъба суруду оҳангҳои ҳамкорони  форсашро омӯхта, лаёқати хуби ҳу-нарварӣ пайдо кард ва баъд барои истеъдоди баланди ҳунарвариаш аз ғуломӣ озод шуда, баҳри такмили мащорат ба Эрон мусофират намуд. Ӯ навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ ва назарияи мусиқии Эронро ба дараҷаи аъло аз худ кард.

Пас аз чанде ба Ҳиҷоз баргашта, алҳоии арабиро ба сабки эронӣ тартиб дод. Бино ба маълумоти мусиқидонони замонаш Абуусмон Саид дар овозхонӣ ханҷараи довудӣ дошта, мусиқии арабро зимни оҳангҳои эронӣ ва румӣ такмил додааст.

Абуусмон Саид дар Мадина аввалин мадрасаи мусиқиро бунёд кардааст, ки шогирдонаш сабки ӯро сартосари кишварҳои арабӣ ҷорӣ намудаанд. Вале пас аз чан­де ин Мадраса бо иғвои уламои мутаассиб барҳам хӯрдааст. Исҳоқи Мавсилӣ ба фаъолияти Абуусмон Саид баҳои баланд дода, ӯро нахустин касе ме- донад, ки «мусикии форсро ба Макка овардааст». Мусиқидони бузург Алӣ ибни Ҳошим Абуусмон Саидро нахустин касе шуморидааст, ки мусиқии арабро ба сабки эрониҳо маъмул намудааст.

Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Китоб- ул-агонй» Абуусмонро поягузори оҳангҳои арабии баъд аз ислом донистааст. Абуусмон охирҳои умр ба Димишқ рафта, ба дарбори халифаи Умавиён роҳ ёфт. Суруду оҳангҳои таснифкардаи ӯ минбаъд байни хонандагону навозандагон маъмул будаанд. Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …