Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ НУРӢ

АБУЛҲАСАНИ НУРӢ

АБУЛҲАСАНИ НУРӢ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба «Амирулқулуб» ва «Қамаруссуфия» (cоли таваллуд номаълум – вафот 907), яке аз мутасаввифони машҳури форс-точик (асри 10). Бо Ҷунайди Бағдодӣ низ аз наздик шинос будааст. Абулҳасани Нурӣ табъу баёни шоирона доштааст. Сулламӣ дар «Ҳадоиқ-ут-тафсир» аз аҳволи ӯ зикр кардааст.

Баъзе суханҳои Абулҳасани Нурӣ дар китобе ба унвони «Рисолату мақомот-ул-қулуб» гирд омадаанд. Рисолаи мазкур бо муқаддима ва таълиқот дар Бейрут нашр шудааст. Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» ва Ибни Таймия дар рисолаи «Ар-рад ала-л-хурайрия» ақволеро ба ӯ мансуб донистаанд, ки эътиқоди ӯро нисбат ба хулул нишон медиҳанд.

Абулҳасани Нурӣ дар тасаввуф салиқаи хос доштааст. Дар боби ишқи илоҳӣ ба ақидаи муаллифи китоби «Ал-ламаъ фи-т-тасаввуф» байни Абулҳасани Нурӣ ва фақеҳони исломӣ низоъ бархоста, ба таъкиб ва таҳрики Абулҳасани Нурӣ  ва ҳамфикрони ӯ анҷом ёфта­аст. Ғулом Ҳалил ном фақеҳ Абулҳасани Нуриро барои афкори ирфониаш ба куфру зиндиқа айбдор намудааст. Абулҳасани Нурӣ бар хилофи баъзе намояндагони асри аввали тасаввуф гӯшаи узлат ихтиёр кардани суфиёнро намеписандид. Бисёр нуктаҳои таълимоти ирфониро равнақ дода, ба муқобили таълимоти аҳкомпарастонаи дини ислом баромадааст.

Аз ин рӯ, фақсхон Абулҳасани Нуриро ба куфру зиндиқа айбдор карда буданд. Роҷеъ ба таълимоти ирфонӣ ва каромоти ӯ дар тазкираҳои орифон маълумотҳо гирд омадаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …