Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛМУАЙИДИ БАЛХӢ

АБУЛМУАЙИДИ БАЛХӢ

АБУЛМУАЙИДИ БАЛХӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва нависандаи форс-тоҷик. (асри 10). Абулмуайиди Балхӣ дар замони Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (ҳукмронии 976— 997) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар ҷавонӣ ба сӯҳбати Рӯдакӣ расидааст. Асари машҳури ӯ «Аҷоиб-ул-булдон» аст. Абулмуайиди Балхӣ  ду асари дигар таълиф кардааст, ки яке «Шоҳнома»-и мансур буда аз байн рафтааст ва танҳо фасле аз он то замони мо ра­сидааст, ки онро «Гаршоспнома» низ меноманд. Муаллифи «Таърихи Систон» дар китоби худ ҳамон қисматро овардааст, ки қадимтарин намунаи насри бадеии форсист. Асари дуюми ӯ достони «Юсуф ва Зулайхо» аст. Абулмуайиди Балхӣ дар адабиёти форс-тоҷик аввалин шоирест, ки ин қиссаро ба назм даровардааст, вале он то замони мо нарасидааст. Аз мероси адабии Абулмуайиди Балхӣ  ғайр аз асари «Аҷоиб-ул-булдон» як миқдор абёти пароканда (20 байт) боқӣ мондааст. Ашъори боқимондаи Абулмуайиди Балхӣ  асосан лирикӣ буда, тасвири табиат, панду ахлоқ, мардонагию далерӣ, ишқ ва мадҳро дар бар мегиранд. Абёти зерин аз ӯст:

Малул мардуми колусу бемаҳал бошад,

Макун, нигоро, ин хӯву табъро бигзор.

***

Далере, ки тарсад зи пайкори шер,

Зани зоҷ хонаш, махонаш далер.

Рӯзи каҷиҳо дарунсоф бош,

Ростгирои раҳи инсоф бош.

Адабиёт: Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои ада­биёти форсӣ, Тошкент, 1340 ҳиҷрии шамсӣ; Саид Нафисӣ, Аҳвол ва ашъори Абуабддуллоҳ Ҷаъфар ибни Мухаммад Рӯдакии Самарқандӣ, ҷилди I, Tошкент, 1311 ҳиҷрии шамсӣ; Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …