Главная / Илм / СМИТСОНИТ

СМИТСОНИТ

smitsonit

СМИТСОНИТ (аз номи кимиёгар ва минералоги англис Ҷ. Смитсон), минералест аз гурӯҳи карбонатҳои табиӣ. Таркиби химиявиаш ZnСO3 (ZnО—64,9%, С02—35,1%). Омехта- ҳояш: Ғе, Мn, Сd, Со, Мg, Рb. Системаи кристаллбандиаш тригопалӣ. Кристаллҳояш ромбоэдрӣ ва скаленоэдрӣ. Одатан дар шакли массаҳои донадору хока ва агрегатҳои шишамонанд ёфт мешавад. Рангаш сафед, зард, хокистарранг, бӯр ва ғайра. Сахтиаш 4—4,5; зичиаш 4300—4400 кг/м3. Смитсонит минерали хоси зонаи оксидшавии конҳои сулфиди руҳ дар байни оҳаксангҳо мебошад. Смитсонит маъдани муҳимми руҳ аст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …