Нисён

Нисён (ар. с)! -5 — фаромӯшӣ), фаромӯшхотирӣ, суст ё нест шудани қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёдовардани хотирот. Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамне­зия (фиреби хотира). Ҳангоми дие­мнезия хотира суст мешавад; кас ахбори ҷорӣ (хусусан ном, рақам ва ғайра)-ро дар хотир нигоҳ дошта наме­тавонад, санаю тартиби воқеаҳорофаромӯш мекунад.

Амнезия якчанд хел мешавад: амнезияи ретроградӣ — кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; амнезияи репродуктивӣ — бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғайраро фавран ба ёд оварда наметавонад; амнезияи фиксатсионӣ — гирифторони ин намуди амне­зия воқеаҳои ҷориро дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд; амнезияи шиддатёбанда — қобилияти қабули хотира гум мешавад ва ёддоштҳо, хусусан воқеоти солҳои охир, оҳиста-оҳиста фаромӯш мешаванд. Парамнезия ду хел мешавад: кон- фабулясия (ёддошти қалбакӣ) ва криптомнезия (таҳрифи хотира)..

Ҳангоми конфабулясия асли ҳодиса фаромӯш мешавад ва ҷои онро тасаввуроти хаёлӣ мегирад; дар вақти криптомнезия ҳар воқеа ё ҳодисае, ки бемор шунида ва ё дар хоб дидааст, ба назараш менамояд. Нисён ба бемориҳои органикии системаи асаб бештар хос аст. Барои он ки бе­мор шифо ёбад, аввал асоси бемориро  табобат бояд кард.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …