MOҒAP

mogarMOҒAP, моҳар (Setaria italica ssp. mocharium), гиёҳи яксолаи хӯшадор. Баландиаш то 150 см; пояи рост; барги калон (дар ҳар поя 5— 16-то), хӯшагули тугшакл («султон») ва дони майдаи зард ё сиёҳ дорад. Асосан чун зироати хӯроки чорво мекоранд. Моғарро ҳанӯз 2700 сол то м. дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ кишт мекарданд. Ҳоло парвариши Моғар дар ноҳияҳои Қисми европоии СССР, Осиёи Миёна (аз ҷумла РСС Тоҷикистон) ва Қазоқистону Заволжия расм шудааст. Зироати ба хушкӣ тобовар аст. Моғарро дар чуқурии 1,5—3 см мекоранд. Меъёри кишт — 8—20 кг/га.

Тухмӣ ҳангоми 10—12° С будани ҳарорат неш мезанад. Даври нашъунамои Моғар 9—120. руз. Истифодаи нурӣ (N, Р20б ва 1\зО 45-килограммӣ) хошоки Моғарро 10—15 ц/га зиёд мекунад. Могарзорро барои хошок дар оғози хушабандӣ медараванд. Аз ҳар га 100—250 ц баргу пояи сабз, 25— 65 ц хошок ва 15—25 ц дон мегиранд. 100 кг хошоки М. 5,5—6,5 кг протеини ҳозим дошта, баробари 55 воҳиди хӯрокист. Дони Моғар низ 10,3% сафедаи хушҳазм дорад ва назар ба бисьёр хӯшадорҳо серғизотар буда, махсусан дар мурғпарварӣ аҳамияти калон дорад.

Ад.: Растениеводство, М., 1975.

А. А. Мадаминов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …