Главная / Илм / МАДАМИНБЕК

МАДАМИНБЕК

Мадаминбек (1889, вилояти Фарғона —1920), қурбошии босмачиёни водии Фарғона. Аз оилаи савдогар. Барои куштани зане ба муддати 14 сол бадарға карда шуд. Баъди аз бадарға гаштан (1917) комиссари ҳарбии вилояти Фарғона, сардори Ҳукумати муваққатии Фарғона, сардори шӯъбаи милисияи ш. Марғелон. Тобистони соли 1918 ба Ҳокимияти Советӣ хиёнат карда, бо отряди милисия ба тарафи босмачиён гузашт.

Мадаминбек
Расми Мадаминбек

Дар водии Фарғона худро ҳомии дини ислом эълон карда, одамони мутаассиб ва ҳурофотпарастро дар атрофаш ҷамъ намуд. Дастаи Мадаминбек ба дастаҳои кулакҳо ва Эргашқурбошӣ ҳамроҳ шуда, бо дастгирии империалистони англис ва сафедгвардиячиёни рус бар зидди Ҳокимияти Советӣ мубориза бурд.

Мадаминбек ба халқ хиёнат намуда, ба хукумати Англия муроҷиат кард, ки Туркистонро зери ҳимояи худ гирад. Мадаминбек ба Ҳокимияти Советӣ хайрхоҳ будани атрофиёнашро пай бурда, пас аз музокираи якмоҳа бо раиси Комитети революционии Фарғона Н. Хӯҷаев ва командири бригада Э. Кужело 5 марти 1920 бо 500 нафар ба тарафи Ҳокимияти Советӣ гузашт. Дере нагузашта аз тарафи Қӯришермат кушта шуд.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …