Главная / Илм / Бемории Нефрит

Бемории Нефрит

Нефрит (аз юн. nephros—-гурда), г л о м е р у л о н е ф р и т, бемории гурдаро гӯянд, ки ҳангоми гирифторӣ ба он асосан калобачаҳои гурда иллат меёбанд. Нефрит ду хел мешавад: Нефритии диффузӣ ва ҷузъи. Дар вақти Нефрити диффузӣ ҳамаи калобачаҳои гурда ва ҳангоми Нефрити ҷузъӣ фа- қат як қисми калобачаҳо газак ме­гиранд. Нефрити ҷузъӣ бемории мустақил набуда, дар натиҷаи ягон просесси сироятии шадид ё музмин ба вуҷуд меояд. Нефрити диффузӣ шадид ва музмин мешавад.

Сабаби Нефрити шадид аксар бемориҳои сироятӣ (масалан, махмалак, ангина, саромос ва ғайра) мебошанд, ки стрентококкҳо меангезанд. Ҳангоми Нефрити шадид миёни бемор дард мекунад, баъзан ҳарорат ва фишори хун қадре баланд мешавад, таркиби шоша тағйир меё- бад ва умуман бемор худро хаста ҳис мекунад. Одатан кӯдакон ва бачагони наврас (аз 12 то 15—17-сола) бемор мешаванд. Беморӣ 1—3 моҳ давом мекунад. Нефрити музмин аксар дар натиҷаи то охир табобат накардани Нефрити шадид пайдо меша­вад ва ҳар сари чанд вақт авҷ мегирад. Дар давраҳои оромии он иштиҳо баста мешавад ва кас худро бемадор ҳис мекунад. Дар вақти авҷгирӣ бошад, вай ба уремия табдил ёфта метавонад. Ҳангоми хели дига­ри Нефрити музмин дар организми бе­мор ихтилоли мубодилаи сафедаю равған мушоҳида мешавад. Дар вақти Нефрити ҷузъӣ дар пешоб зарраҳои сурхи хун пайдо гардида, гурда варам мекунад ва фишори хун баланд мешавад.

Нефрологҳои тоҷик оид ба хусусияти клиникию морфологии Нефрит дар республика ва барои дарёфти усулҳои нави табобати гломерулонефрити музмин тадқиқот мебаранд.

М у о л и ҷ а: рафъи антиҷисмҳои бегона ё нест кардани лимфотситҳои патогенӣ (кортикостероидҳо, тситостатикҳо, ҳосилаҳои индол ва ғайа); дар вақти сирояти стрентококкҳо истеъмоли антибиотикҳо ва дар дав­раҳои оромии Нефрити музмин дар соҳили ҷануби Дрим, Байрамалӣ, Хоҷаобигарм ва курортҳои дигар табобат кар­дан тавсия карда мешавад.

Ад.: Основы нефрология, т. 1—2, М., 1972.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mablagguzori

БОЗТАМВИЛ

БОЗТАМВИЛ дар бонкдорӣ, маблағгузории такрорӣ, 1) аз тарафи муассисоти қарздиҳанда ҷалб наму¬дани вомҳои байнибонкӣ ё …